Дар ҳамкорӣ бо давлатҳои шарики худ лоиҳаи "Роҳи абрешим" Марказҳои заҳиравӣ барои муҳоҷирон(МЗМ) таъсис медиҳад ва онҳоро идора менамояд барои расонидани кумак ба одамон ҷиҳати қабули қарори асоснок доир ба масъалаҳои муҳоҷират. Онҳо ба муҳоҷирони эҳтимолӣ ва шахсоне, ки нақшаи муҳоҷират карданро доранд маълумоти бештар оид ба ҳамаи масъалаҳои роҷеъ ба мушкилот ва имкониятҳои марбут ба муҳоҷират пешниҳод менамоянд.
Дастаи мушовирон машваратҳои шахсӣ пешниҳод менамоянд, тариқи телефон ва скайп, ки барои баланд бардоштани бархӯрдорӣ дар бораи манфиатҳои бехатар ва қонунии муҳоҷират мусоидат менамоянд, инчунин, дар бораи ҳатарҳо ва оқибатҳои муҳоҷирати ғайрирасмӣ. МЗМ дар пойтахтҳо ва / ё шаҳрҳои бузурги мамлакатҳои Роҳи абрешим: Афғонистон, Бангладеш, Ироқ, Покистон, инчунин дарТоҷикистон ҷойгир мебошанд.
Марказҳои захиравӣ барои муҳоҷирон кӯшиш мекунанд, ки пешниҳод намоянд:
МЗМ на танҳо ба аҳолӣ ва муҳоҷирон, балки ба ҷонибҳои манфиатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки бевосита ё бавосита дар пешбурд ё иттилоотонӣ дар бораи муҳоҷират ё масъалаҳои марбут ба он иштирок мекунанд, маълумот пешниҳод мекунанд. Зиеда аз ин, марказҳо ҳамчунин сохторҳои дахлдори давлатиро дар ташкил ва тавсияи имкониятҳои онҳо дар соҳаи идоракунии муҳоҷират, дастгирӣ менамоянд. МЗМ низ ҷаласаҳо ва чорабиниҳои иттилоотиро дар маҳалҳо ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва мактабҳо мегузаронанд.
Кори МЗМ ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шудааст ва метавонад фаъолияти минбаъдаро дар асоси ниёзҳои ҳар як кишвар рушд диҳад. Марказҳои захиравӣ барои муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ ва Маркази байналмилалии таҳияи сиёсати муҳоҷират (ICMPD) таъсис ва дар якҷоягӣ идора карда мешаванд. Дар ин марказҳо ҳадди ақал се корманд- як ҳамоҳангсоз ва ду мушовир кор мекунанд.
Дар айни замон ду МЗМ дар Лоҳури, Покистон, яке дар Кобул, Афғонистон, ду дар Бағдоде, Ироқ, ду дар Бангладеш, ( Дакка ва Кумилле) ва яке дар Душанбе, Тоҷикистон. Тавсеаи МЗМ дар Покистон ба сатҳи ноҳиявӣ низ идома дорад.
Барои дастраси маълумоти бештар метавонед ба сомонаи лоиҳаи Роҳи абрешим МБРСМ ворид шавед:
https://www.budapestprocess.org/migration-in-the-silk-routes/migrant-resource-centre
Шумо нияти кор кардан дар хориҷа доред? Оё шумо мехоҳед, бидонед, чӣ тавр МЗМ метавонанд ба шумо кӯмак расонанд? Ба сомонаи махсуси мо ворид шавед ва онлайн-модулҳои омӯзиширо, ки барои муҳоҷирон ва муҳоҷирони меҳнатии Афғонистон, Бангладеш, Ироқ ва Покистон омода шудаанд, дастрас намоед.
https://www.icmpdsilkroutesmodules.com/
Онҳо се марҳилаи асосии муҳоҷират ва муҳоҷирати меҳнатиро дар бар мегиранд: 1) пеш аз муҳоҷират ё пеш аз қабул ба кор, 2) пеш аз сафар, 3) пас аз бозгашт.
Шумо мехоҳед, ки маълумоти бештар дар бораи МЗМ дастрас намоед? Шумо мехоҳед бо мо ҳамкорӣ намоед? Шумо - муассисаи давлатӣ мебошед, ки мехоҳед МЗМ-ро дар кишвари худ кушоед? Мо аз тамос гирифтанатон хушхол мешавем. Барои маълумоти бештар бо мо дар тамос бошед.
МБРСМ Роҳи абрешим
Gonzagagasse 1, 5th Floor, 1010 Vienna, Austria
+43 1 504 4677 2358